Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ БА МУНОСИБАТИ ИДИ МЕҲРГОН
single-product

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ БА МУНОСИБАТИ ИДИ МЕҲРГОН

2022-10-19 10:27:16

Сокинони сарбаланди Панҷакенти бостониро ба ифтихори ҷашни Меҳргон, ки аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми Ориёинажод мебошад, сидқан табрику таҳният гуфта, сиҳату саломатӣ, дастархони обод, хотири ҷамъ ва дастоварду муваффақиятҳои беназир орзу менамоям.

Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои ниёгон буда онро ҳамчун Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ ситоишу ниёиши Меҳр таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат мебошад.

Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми тоҷику форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад.

Боиси фараҳмандист, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саъю талош, кўшиш ва хиради дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расму ойин ва суннату анъанаҳои неки гузаштагони пурифтихорамон аз нав эҳё ва арҷгузорӣ мегарданд.

Меҳргон дар таърихи тамаддуни мардумони ориёитабор пас аз Наврӯз дуюмин ҷашни бузург аст, ки бо табиат ва кишоварзиву боғдорӣ иртиботи мустақим дорад ва инъикоскунандаи решаҳои амиқи иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ мебошад. Яъне Меҳргон ҷашнест, ки бар асоси қонунҳои табиат, баробаршавии шабу рӯз дар фасли тирамоҳ ва ҷамъоварии ҳосилоти кишоварзиву боғдорӣ ташаккул ёфтааст.

 

Бори дигар, сокинони Панҷакенти бостониро бо ҷашни Меҳргон табрику муборакбод намуда, тансиҳатию хонаободӣ, дастархони пур аз нозу неъмат ва дастовардҳои баланди меҳнатӣ таманно менамоям.

Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон,

Пурфайз бод хони Шумо, аз нуру нору арғувон…