Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРӢ БА ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНҲО
single-product

МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРӢ БА ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНҲО

2022-08-03 14:02:02

Ин субҳ толори муҳташами Кохи Лоиқи шаҳри Панҷакент ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, озмуни шаҳрии “Донандаи беҳтарини китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров ва ҷоизадорони озмунҳои фаннии ҷумҳуриявиро пазироӣ намуд.
Ин ҷо бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони ин озмунҳо баргузор шуда, ба онҳо диплому сипоснома ва мукофотҳои пулию молӣ супорида шуд.
Дар оғоз муовини раиси шаҳр Парвина Нақибӣ ҷоизадоронрои озмуну олимпиадаҳоро хайра мақдам гуфта, зикр намуд, ки маҳз бо дастгирӣ ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлол мо имкон пайдо намудем, ки ба таъриху фарҳанги оламшумули худ, кору пайкори абармардони илму адабамон шоиста арҷгузорӣ намоем, ба мутолиаи китоб, ки меҳвари донишандӯзӣ аст, бо баргузории озмунҳо таваҷҷӯҳи наврасону ҷавононро ҷалб созем, истеъдодҳои навро кашф намоем.
Аз ҷумла , зикр шуд, ки танҳо даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 600 нафар муҳассилини муассисаҳои таълимӣ, коллеҷу донишкада, омӯзгорон ва намояндагони дигар касбу кори гуногун, дӯстдорони каломи бадеъро ҷамъ овард ва 107 нафари онҳо дар номинатсияҳои ин озмун ғолиб омаданд. Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” 23 нафар соҳибистеъдодҳо аз ҷумлаи овозхонҳо, созанндагон ва бастакорон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.
Ҳамчунин ба ифтихори иқдоми ватандӯстонаи Пешвои миллат- тақдими китоби аллома Бобоҷон Ғафуров – “Тоҷикон “ ба ҳар оилаи тоҷикистонӣ, 15 июли соли равон бо қарори раиси шаҳри Панҷакент озмуни шаҳрии “Донандаи беҳтарини китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров” баргузор шуда, дар он 15 нафар ғолиб дониста шуданд. Ин озмуни шаҳрӣ заминаи хубест барои иштироки донандагони таърихи миллат дар озмуни ҷумҳуриявӣ бахшида ба ин асари безаволи академик Бобоҷон Ғафуров, ки бо иқдом ва сарпарастии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол дар мамлакат роҳандозӣ мешавад.
Дар ин ҳамоиш ҳамчунин зикр шуд, ки соли таҳсили гузашта 21 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр дар даври ҷумҳуриявии озмунҳои фаннӣ сазовори нишонҳои тиллову биринҷӣ ва ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.
Зери навои мусиқии мутантан ва кафкӯбии ҳозирин ба ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, озмуни шаҳрии “Донандаи беҳтарини китоби “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров” ва ҷоизадорони озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ сипоснома, диплом ва мукофотҳои пулию молии таъсинамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент супорида шуд. Дар ин маросим ҳамчунин омӯзгорони ғолибони даври шаҳрии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” низ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент қадрдонӣ карда шуданд.
Маросими бошукӯҳи ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳоро барномаи зебои ҳунарии ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон- Ватавни азизи ман” ҳусни анҷом бахшид.

single
single
single
single
single
single
single
single
single
single
single
single
single
single
single
single
single
single