Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲР
single-product

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲР

2022-08-01 20:20:08

1 августи соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода баргузор гардид, ки дар он муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Сараввал, раиси шаҳр ҷаласаро ифтитоҳ намуда, изҳор доштад, ки баҳри амалӣ гардидани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебояд масъулиятшинос бошему дар таъмини фазои мусоид ва рушду пешрафти шаҳрамон ҳиссагузор бошем.
Дар кори ҷаласа роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба масъулин ҷиҳати ба самар расонидани кишти такрорӣ, таъминоти оби полезӣ ва оби нӯшокӣ ба аҳолӣ, таъмини иҷрои нақшаи андоз, омодагӣ ба даъвати тирамоҳӣ, омода намудани муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш, ба анҷом расонидани сохтмони синфхонаҳои иловагӣ, муайян намудани ҷои сохтмони бино барои идораи "Бойгонӣ" ва Раёсати омори шаҳри Панҷакент, ба роҳ мондани корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

single
single
single
single
single