Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ГЕНЕРАЛ ХУДОЙҚУЛ ҲАМРОҚУЛОВ
single-product

ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ГЕНЕРАЛ ХУДОЙҚУЛ ҲАМРОҚУЛОВ

2026-11-09 16:29:34

Дар деҳаи Фароби деҳоти Фароби шаҳри Панҷакент ба хотири гиромидошти яке аз зодагони барӯманди ин деҳа ,генерал- майори мақомоти амният Худойқул Ҳамроқулов муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 ба номи ӯ гузошта шуд.
Дар маросими пардабардорӣ аз рӯи лавҳаи хотира дар саҳни таълимгоҳ, ки бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд генерал- майор Зубайдулло Алихонов, намояндагони Қӯшунҳои сарҳадӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо,собиқадрони мақомоти амният,гумрук, дӯстону ҳамкорон ва аҳли деҳа баргузор шуд, дар бораи хидматҳои шоистаю хотирмони генерал -майёр Худойқул Ҳамроқулов дар таъмини амнияти кишвар, таъсиси хадамоти гумрук дар ҷумҳурӣ, вакили Маҷлиси намояндагон, муовини раиси шаҳри Душанбе сухан рафт.
Гуфта шуд, ки хидматҳои ӯ бо ордени “Спитамен”, дигар мукофотҳои давлатӣ қадршиносӣ шудааст ва чун инсони ҳалиму кордон, роҳбари масъулиятшинос, марди қавлу амал, содиқ ба Ватан дар хотираи дӯстону ҳамкорону ҳамкасбон боқӣ мондааст.
Иштирокчиёни маросим аз осорхонаи Худойқул Ҳамроқулов дар таълимгоҳ, аз боғе, ки дар як гӯшаи зодгоҳ бо гармхонаю сардхона ӯ бунёд кардааст, дидан намуданд.
Дар ҷараёни ин ҳамоиши ёдбуд ва гиромидошт зикр гардид,ки номи фарзандони ҷонфидои миллат, муборизони барқарорсозии сохти конститутсионӣ чун генерал- майор Худойқул Ҳамроқулов,ки барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, тарғиби ғояҳои ватандустӣ саҳми назаррас гузоштанд, дар таърих ва хотираҳо сабт хоҳад шуд.