САФАРИ КОРӢ БА ДЕҲОТИ ШИНГ, БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ ҶУСТУҶӮИ ГЕОЛОГӢ ВА КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОҲАК
2026-11-02 16:38:43
Ҷустуҷӯ ва истифода босамари захираҳои зеризаминии маъодин аз масъалаҳоест, ки мавриди таваҷҷӯҳи Ҳукумати кишвар қарор дорад.
Дар ин замина ҳоло дар мавзеъи Мосарифи деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Панҷзар” бо мақсади гузоштани замина барои бунёди коргоҳи коркарди маъдани тилло корҳои ҷустуҷӯи геологиро роҳандозӣ намудааст.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба деҳоти Шинг аз рафти ин корҳо боздид намуд.
Гуфта шуд, ки ҳоло ба корҳои ҷустуҷӯи геологӣ дар заминаи манбаъҳои собиқа муайяншуда 20 нафар мутахассисон ва коргарон ҷалб шудаанд.
Бо анҷоми корҳои ҷустуҷӯӣ ба бунёди коргоҳи истихроҷ ва коркарди маъдан оғоз карда мешавад.
Дар идомаи сафари корӣ аз фаъолияти коргоҳи истеҳсоли оҳак, ки эҳтиёҷоти корхонаи муштарки “Зарафшон”-ро бо ин маҳсулот таъмин менамояд, дидан карда, барои риояи қатъии меъёрҳои экологӣ дастур дода шуд.