Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИ КОРХОНАИ МУШТАРАКИ ҒАНИГАРДОНИИ ҚАЛЪАГИЮ МИС
single-product

МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИ КОРХОНАИ МУШТАРАКИ ҒАНИГАРДОНИИ ҚАЛЪАГИЮ МИС

2026-10-31 13:57:27

Дар мулоқоти раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бо директори кулли нави корхонаи муштараки “Броадтек- Тоҷикистон майнинг инвестмент лимитед” Ли Жен Лон масъалаҳои вобаста ба омодагии корхона ба оғози фаъолият мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни сӯҳбат масъалаҳои омодасозию санҷиши таҷҳизоти насбшуда, тибқи қонунгузории ҷорӣ омода намудани асноди зарурии ҳуқуқӣ, таъминоти минбаъдаи корхона бо барқу об, корҳо дар мавзеъи истихроҷи маъдан, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва дигар самтҳои роҳандозии фаъолияти он матраҳ карда шуд.
Гуфта шуд, ки баъди ба фаъолият пардохтани корхона 300 нафар дар он ба кор пазируфта мешаванд.