Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БОЗДИД АЗ ДИДБОНГОҲИ ОБИИ ДУПУЛА
single-product

БОЗДИД АЗ ДИДБОНГОҲИ ОБИИ ДУПУЛА

2026-10-29 16:18:23

Пойгоҳи обченкунӣ ва ё дидбонгоҳи обии Дупула яке аз куҳантарин иншооти гидрологии кишвар буда, дар мавзеъи Дупулаи шаҳри Панҷакент ҷойгир шуда, барои назорат, ченкунӣ ва банақшагирии захираҳои обии ҳавзаи даврёи Зарафшон нақши муҳим дорад.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз ин иншооти гидрологӣ гуфта шуд, он яке аз ниҳодҳои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз нимаи асри гузашта то ба имрӯз ҳаҷми оби дарёи Зарафшонро чен мекунад.
Тибқи маъумотҳои дидбонгоҳ ҳаҷми миёнаи солонаи оби дарёи Зарафшон 162 метри мукааб дар сония буда, дар фасли тобистон то ба 250 - 690 метри кубӣ -сония мерасад.
Баландтарин ҳаҷми оби дарёи Зарафшон 31 майи соли 1967 дар ҳаҷми 996 ва камтарин соли 1957-112 метри мукааб- сония ба ҳисоб гирифта шудааст