ДАР ДЕҲОТИ ЁРӢ БАРОИ ПАРВАРИШИ 60 ҲАЗОР САР МУРҒ ФЕРМА СОХТА МЕШАВАД
2026-10-29 13:41:33
Дар деҳаи Миндонаи деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент сохтмони фермаи паррандапарварӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо рафти омодагӣ ба оғози роҳандозии парвариши мурғ дар фермаи нав иттилоъ дода шуд, он бо маблағгузории соҳибкори маҳаллӣ Мифтоҳиддин Нарзиев сохта шудааст ва дар навбати аввал барои парвариши 60 ҳазор сар мурғи гӯштӣ ва тухмӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҳоло сохтмон ва таҷҳизонидани бино анҷом ёфта, барои кормандон шароити мусоиди кору истироҳат омода карда, насби панелҳои офтобӣ барои истеҳсоли барқи худӣ идома дорад.