КӮЧАҲОИ ДЕҲАИ МИНДОНАИ ДЕҲОТИ ЁРӢ ДАР МАСОФАИ БЕШ АЗ ДУ ҲАЗОР МЕТР МУМФАРШ КАРДА ШУДАНД...
2026-10-29 13:39:45
обистони имсол роҳи деҳаи Миндонаи деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент бо саҳмгузории сокинон ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар доираи нақшаи ободкориҳо ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масофаи 2,1 километр мумфарш карда шуда буд.
Дар идомаи ин кор сокинони деҳа ба мумфарш намудани роҳи кӯчаҳои деҳа пардохтанд ва бо ҷалби техникаи роҳсозӣ онро дар муддати кӯтоҳ анҷом доданд.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода гуфта шуд, кӯчаҳои деҳа дар масофаи ду километр бо саҳмгузории соҳибкорон ва сокинон мумфарш карда шуд.
Маҷмӯан, имсол бо саҳмгузории сокинони деҳа, дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурӣ 4,5 километр роҳ аз пули нави болои дарёи Зарафшон то деҳа ва инак, кӯчаҳои деҳа низ мумфарш карда шуданд.