«АСОИ САФЕД»- РАМЗИ ҒАМХОРӢ БА НОБИНОЁН
2026-10-27 16:07:38
Ҳамасола моҳи октябр бо Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи ҷаҳонии «Асои сафед» таҷлил мешавад. «Асои сафед» рамзи шахси нобино буда, 15‐уми октябри соли 1964 бо ташаббуси Федератсияи байналмилалии нобиноён бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи одамон ба онҳое, ки биноии худро аз даст додаанд ва бо вазъи душвори зиндагӣ рӯ ба рӯ шудаанд, чунин номгузорӣ шудааст.
Ба ин муносибат имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент 120 нафар, ки бо амри тақдир нобино ҳастанд ва ё нуқсони биноӣ доранд, дар тарабхонаи “Боғи сабз”-и Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандии шаҳр гирди дастархони идона ҷамъ оварда шуданд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба ҳозирин аз ғамхориҳое, ки дар мамлакат дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат,Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин табақаи аҳолӣ фаро гирифта шудаанд, ёдрас намуд. Гуфта шуд, ҳамаи 254 нафар сокинони шаҳр, ки маҷрӯҳ аз рӯи биноӣ мебошанд, аз имтиёзҳое, ки давлат барояшон муқаррар намудааст, бархурдоранд.
Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии “Асои сафед” бо қарори раиси шаҳр ба онҳо кӯмакпулии яквақта ҷудо карда, тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги шаҳр баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи ҳунарӣ пешкаш гардид.