Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БОЗДИД АЗ РАФТИ КИШТИ ТИРАМОҲӢ ВА БОҒИ НАВБУНЁД
single-product

БОЗДИД АЗ РАФТИ КИШТИ ТИРАМОҲӢ ВА БОҒИ НАВБУНЁД

2026-10-23 16:18:17

Кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Панҷакент то ин муддат дар майдони 1690 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронидаанд, ки ин баробари 74 дарсади нақша мебошад ва ҳоло кишт идома дорад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба деҳоти Амондара бо рафти кишти тирамоҳии ғалла дар хоҷагии деҳқонии ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ шинос шуд. Гуфта шуд, ки саҳмдорони хоҷагӣ ин тирамоҳ дар майдони 165 гектар кишти гандуму ҷавро ба нақша гирифта, ҳоло дар майдони 114 гектар гишт гузаронидаанд.
Ба кишоварзон барои дар мӯҳлати кӯтоҳ анҷом додани кишти тирамоҳӣ дастур дода шуд,
Дар идомаи сафари корӣ бо вазъи парвариши ниҳолҳо дар боғи навбунёди Давлатёр Дониёров, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз тариқи чоҳи амудӣ об бароварда, дар майдони 2,5 гектар бунёд карда шудааст, шинос шуда, барои тибқи қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ мондани парвариши он маслиҳат дода шуд
Дар ин боғи навбунёд 3000 бех ниҳолҳои дарахтони гуногун парвариш карда мешавад.