Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > САФАРИ КОРӢ БА ДЕҲОТИ АМОНДАРА, БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ИҶТИМОӢ ВА АЁДАТИ СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ
single-product

САФАРИ КОРӢ БА ДЕҲОТИ АМОНДАРА, БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ИҶТИМОӢ ВА АЁДАТИ СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ

2026-10-23 16:16:27

Бунёди биноҳои нав барои муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ, беҳдошт шароити таълим ва ҳифзи саломатии аҳолӣ аз масъалаҳои муҳимест, ки дар заминаи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар дар маркази таваҷҷӯҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент қарор дорад.
Дар ин росто раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба деҳоти Амондара аз рафти бунёду таъмири муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ дидан намуд.
Дар деҳаи Амондара ҳоло бо сармоягузории шарикони рушд сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 32 барои ба таълим фарогирии 800 хонанда дар ду баст ва ҳуҷраҳои ёриросон, насби панелҳои офтобӣ, дар деҳаи Майкада бо маблағгузории буҷети вилояти Суғд сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 19 барои 900 нафар дар ду баст бо тарҳи замонавӣ ва шароити хуби таълим идома дорад.
Зимни боздид ба паймонкорон барои дар мӯҳлати пешбинишуда ва сифати хуб ба анҷом расонидан биноҳои таълимгоҳҳо дастур дода шуд.
Дар ҷараёни сафари корӣ ҳамчунин аз фаъолияти Маркази саломатии деҳаи Амондара, ки баъди таъмиру таҷдид дорои шароити хуби қабулу табобати сокинон мебошад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Дар ин рӯз бо сокини деҳаи Амондара, собиқадори меҳнат Абдутоҳир Мӯминов мулоқот намуда, ба ӯ барои заҳмати бисёрсола изҳори сипос карда шуд