Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ОҒОЗИ КОРҲОИ ЗАРШӮӢ ДАР СОҲИЛИ ДАРЁИ ЗАРАФШОН
single-product

ОҒОЗИ КОРҲОИ ЗАРШӮӢ ДАР СОҲИЛИ ДАРЁИ ЗАРАФШОН

2026-10-23 16:14:35

Номи дарёи Зарафшон баргирифта аз зар -тилло доштани он аст ва қаблан дар соҳилҳои он заршӯӣ роиҷ буд.
Бо қабули Қонун “Дар бораи металҳо ва сангҳои қимматбаҳо” ва қарори Ҳукумати кишвар ҳоло ширкатҳо ва шаҳрвандон метавонанд ба ин пешаи қадима ба таври қонунӣ машғул шаванд.
Дар ҳамин замина Парки технологӣ ва коллеҷи технологӣ- иноватсионии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дар шафати деҳаи Майкадаи деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент, дар соҳили дарёи Зарафшон ба заршӯӣ оғоз намуд
Тавре зимни оғози корҳои таҷрибавии заршӯӣ ба раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода иттилоъ дода шуд, инҷо дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд технологияи ҷудо кардани тилло аз қуми соҳили дарё насб карда шудааст.
Дар заминаи ин коргоҳ баробари заршӯӣ, ҳамчунин ба садҳо нафар сокинони маҳаллӣ ва донишҷӯёни донишкада ва коллеҷи технологӣ- иноватсионӣ усулҳои маъмулии ин кор омӯзонида, дар оянда онҳо барои худ машғулияти фоидаовар пайдо менамоянд.