БУНЁДИ МАЙДОНИ ФИРДАВСӢ ВУСЪАТ МЕЁБАД
2026-10-20 15:00:33
Баъди чанд муддат меҳмонон ва сокинони Панҷакент, ки аз ҷониби шарқ ба шаҳр ворид мешаванд, нахуст ба майдону гулгашти зебою хуштарҳ ва муҷассамаи муҳташами муаллифи ҳамосаи бузурги мардуми ориёнажод-“Шоҳнома”-и безавол Абулқосим Фирдавсӣ менигаранд.
Ҳоло ин ҷо бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шапҳр бунёди майдону гулгашти Абулқосим Фирдавсӣ идома дорад.
Мақомоти шаҳрдорӣ бунёди онро зери назорати пайваста қарор додааст ва дар ин росто раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти сохтмони иншоот дидан намуда, ба пудратчӣ- ширкати бинокории “СУ- 3”, барои тибқи лоиҳа ва дар мӯҳлати пешбинишуда бо сифати хуб анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастур дод.