БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ РӮЗ
2026-10-19 16:21:08
Дар оғози маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, ки имрӯз баргузор шуд, муҳтавои суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорони мамлакат ва дастуру супоришҳо ҷиҳати рушди соҳибкорӣ, бартараф намудани монеаҳо дар ин самт шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Ба ҳозирин ҳамчунин натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд, ки дар маҷлиси фаъолони вилоят баррасӣ гардида буд, тавзеҳ ва вазифаҳо барои давраи оянда тавзеҳ гардид.
Дар идомаи мулоқот зимни пурсиши муовинони раиси шаҳр, комиссари ҳарбии шаҳр вазифаҳо ҷиҳати дар муҳлати пешбинишуда ба анҷом раснидани кишти баҳорӣ, дар фурсати кӯтоҳ ба иҷро расонидани нақшаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, тезонидани таҳияи ҳуҷҷатҳо барои оғози сохтмони иншооти иҷтимоӣ муайян карда шуд.
Дар ҷаласа ҳисоботи роҳбарони мудирони бахшҳои танзими анъана ва маросим, рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, сардухтури сохтори кӯмаки аввалияи тиббӣ – санитарӣ, бахши хадамоти муҳоҷират, Агентии шуғли аҳолӣ оид ба фаъолият дар нӯҳ моҳи соли равон шунида, ба онҳо барои вусъати корҳо, ислоҳи мушкилоти мавҷуда, саҳеҳияти ҳисоботҳои оморӣ оид ба ин соҳаҳо дастур дода шуд.