ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН
2026-10-18 13:30:50
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии имсола ба муносибати ҷашни Меҳргон онро яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон, ки реша дар таърихи чандинҳазорсола дорад ва ҳамчун ҷашни баракату фаровонӣ ва меҳру меҳрубонӣ дар қалбҳои мардуми ориёитабор ҷой гирифта, ойини вобаста ба мавсими ҷамъоварии ҳосил ва ҷамъбасти самараи заҳмати марди деҳқон мебошад, унвон кардаанд.
Ҷашни Меҳргон, имрӯз дар саҳну майдони назди Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент бо баргузории намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ, бо иштироки муовинони раиси шаҳр, деҳқонон, кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳои шаҳр таҷлил карда шуд.