Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ҚАДРШИНОСИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ
single-product

ҚАДРШИНОСИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

2026-10-18 12:55:00

Дирӯз дар Кохи фарҳанги ба номи Олим Бобоеви шаҳри Панҷакент бо иштироки ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявии “ Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Шоҳномахнӣ” бо иштироки ғолибони ин давр, омӯзгорон ва аҳли маорифи шаҳр маросими қадршиносии ғолибон баргузор шуд.
Дар оғози маросим рафти баргузории даври шаҳрии ин озмунҳои ҷумҳуриявиро муовини раиси шаҳр Парвина Нақибӣ таҳлил намуд. Зикр шуд, ки дар даври дуюми озмунҳои “Фурўѓи субњи доної китоб аст”- 582, “Илм фурўѓи маърифат”- 1706,“Шоҳномахонӣ” 573 нафар хонандагон, донишҷӯён ва дигар табақаҳои аҳолӣ иштирок намуда, мутаносибан ба даври вилоятии онҳо 106, 109 ва 36 нафар роҳхат гирифтанд.
Таъкид шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои баргузории даври шаҳрии ин озмунҳо тадбирҳои амалӣ андешида, ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудани онҳо ва қадршиносии ғолибон бо қарорҳои раиси шаҳр 759 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд.
Аз масъулини шуъбаи маориф, муассисаҳои таълимии миёна, донишкадаю коллеҷҳо, комиссияҳои баргузории озмунҳо даъват шуд, ки барои ишироки бештари хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва одамони касбу кори гуногун дар ин озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки аз ибтикороти наҷибонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифати бадеӣ ва техникии ҷомеа аст, минбаъд чораҳои амалӣ андешанд.
Ба ғолибони даври шаҳрии озмунҳои “Фурўѓи субњи доної китоб аст”, “Илм фурўѓи маърифат” ва “Шоҳномахонӣ”, омӯзгорони онҳо дар вазъияти тантанавӣ диплом ва мукофотҳои таъсисшуда тақдим карда шуд.