РОҲҲОИ МАҲАЛЛАИ ҚОҚУРӢ МУМФАРШ КАРДА МЕШАВАД
2026-10-15 09:37:39
Дирӯз бо саҳмгузории соҳибкорон ва сокинон мумфарш намудани кӯчаи ба номи Султон Отабоеви маҳаллаи Қоқурии шаҳри Панҷакент оғоз шуд.
Тавре дар маросими оғози ин кор ба муовини якуми раиси шаҳр Сабур Собирзода иттилоъ доданд, мумфарш намудани роҳи ин кӯча дар масофаи беш аз як километр пешбинӣ шуда, он бо саҳмгузории соҳибкорон, вакили Маҷлиси шаҳрӣ Фариз Камолов, Ифтихор Яздонқулов, Шодмон Отабоев ва иштироки сокинони маҳалла бо ҷалби техникаи роҳсозӣ баҷо оварда мешавад.
Дар маҷмӯъ, давоми 9 моҳи соли равон дар шаҳр беш аз 41 километр роҳҳои маҳаллӣ бо сармоягузории соҳибкорон, аҳолӣ ва дигар манбаъҳо мумфарш карда шудааст ва ин кор ҳоло идома дорад.