Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БОЗДИД АЗ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ХИШТ
single-product

БОЗДИД АЗ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ХИШТ

2026-10-14 12:17:12

Ҷамъияти саҳҳоми кушодаи “Заводи хишт” дар заминаи куҳантарин коргоҳи истеҳсоли хишти шаҳри Панҷакент ташкил шудааст ва он собиқа ҳамаи сохтмонҳои шаҳру деҳотро бо ин навъи маҳсулоти бинокорӣ таъмин менамуд.
Дар ҷараёни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз фаъолияти коргоҳ иттилоъ дода шуд, ки он дар нӯҳ моҳи соли равон 1,8 миллион дона хишт истеҳсол намудаст, ки ин назари ба ҳамин давраи порина 21,8 фоиз бештар аст.
Баробари ин таъкид карда шуд, хиште, ки коргоҳ ҳоло истеҳсол менамояд, қисми ночизи эҳтиёҷи ширкатҳои бинокории шаҳрро ба ин масолеҳ таъмин менамояд.
Ба роҳбарияти коргоҳ барои насби таҷҳизоти ҳозиразамон, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот ва беҳдошти сифати он дастур дода шуд