ДАР ДЕҲОТИ ХАЛИФА ҲАСАН ЧОРВОДОРӢ РУШД МЕКУНАД
2026-10-14 12:05:11
Дар деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент соҳибкорон ба соҳаи чорводорӣ таваҷҷӯҳ менамоянд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ аз фаъолияти фермаи хурди чорводории кишоварз ва соҳибкор Наҷмиддин Муҳиддинов, ки дар мавзеъи Мушхона ташкил карда шудааст, дидан намуд.
Ин ҷо ҳоло 17 сар гови гӯштӣ ва ширдеҳ ба парвариш гузошта шудааст, Ба ӯ барои васеъ намудани бинои ферма ва зиёд кардани саршумори чорвои хушзот дастур дода шуд.
Дар ин ҷо ҳоло соҳибкор Ҳалим Соҳибов ба бунёди фермаи паррандапарварӣ барои дар навбати аввал парвариш намудани 10 ҳазор сар мурғ барои истеҳсоли тухм ва гӯшт оғоз намудааст.
Ба масъулини ҷамоати деҳот ва рёсати кишоварзии шаҳр барои зери назорат гирифтани бунёди ин ферма супориш дода шуд.