БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОӢ ДАР НӮҲ МОҲИ СОЛИ 2026.
2026-10-13 15:02:59
Рӯзи 13 октябри соли равон бо мақсади баррасии рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, суханрониҳо зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд, баён шудаанд ва тибқи нақша- чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар маҷлиси фаъолони шаҳр натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар 9 моҳи соли 2026 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷаласа намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилоят Шарифулло Абдуллозода иштирок ва сухан кард.
Дар ҳисобот оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Панҷакент дар нӯҳ моҳи соли 2026, ки аз ҷониби муовини якуми раиси шаҳр Сабур Собирзода ироа гардид, натиҷаҳои фаъолияти ҳамаи соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёти шаҳр, аз ҷумла, нақшаҳои воридоти маблағ ба буҷет, нишондиҳандаҳо дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занону ҷавонон ва варзиш, иҷрои нақшаи бунёди иншооти таъиноти гуногун ба ифтихори 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар соҳаҳо таҳлил карда шуд.
Аз ҷумла, гуфта шуд, ки дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ якҷо бо хизматрасонии пулакӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 миллиард сомонӣ афзуда, нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101,8 фоиз ба иҷро расонида, суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 115,9 фоизро ташкил медиҳад.Бахшида ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1200 иншоот ё баробари 120 фоизи нақша сохта, ба истифода дода шуда, дар ин давра беш аз 41,3 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ аз беш аз 160 давлати хориҷа аз Панҷакент дидан намудаанд
Дар ҷаласа зимни пурсиш аз муовинони раиси шаҳр, роҳбарони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот таваҷҷӯҳи онҳо ба таъмини рушди босуботи соҳаҳо, иҷрои нақшаҳои пешбинишуда, истифодаи самараноку оқилонаи замин, вусъати кишти тирамоҳӣ, корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 40-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ҷалб карда шуд