САФАРИ КОРӢ БА ДЕҲОТИ САРАЗМ ВА БОЗДИД АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ИҶТИМОӢ..
2026-10-09 15:11:45
Бо ҷалби соҳибкорон дар деҳоти Саразм бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои бунёд ва рушди фаъолияти коргоҳҳои истеҳсолӣ ва хидмарасонӣ тадбирҳои амалӣ андешида мешавад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ дар деҳоти Саразм аз фаъолияти ҶДММ “Хишти Саразм” дидан намуд. Гуфта шуд, ки корхона давоми нӯҳ моҳи гузашта беш аз 1,2 миллион дона хишти пухта ва хом истеҳсол намудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи порина хеле зиёд аст.
Ба масъулини коргоҳ барои боз ҳам афзун намудани истеҳсоли маҳсулот ва беҳдошт сифати он, ҷалби бештари ширкатҳои бинокорӣ ва аҳолӣ барои харидории маҳсулот дастур дода шуд.
Дар идомаи сафари корӣ аз фаъолияти коргоҳи хурди истеҳсоли мебел ва дару тирезаҳои пластикии соҳибкорон Санҷар Алиқулов ва Абдумалик Ашрафов дар деҳаи Бостондеҳ дидан карда шуд. Он ҷо шаш нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда, бо фармоиши харидорон дару тирезаҳои пластикӣ ва намудҳи гуногуни мебел месозанд.
Дар деҳаи Чимқалъа бошад мағозаи масолеҳи сохтмон, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҳусниддин Намозов сохта шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин ҷо ба харидорон ҳама намуди масолеҳ ва таҷҳизоту асбобҳои бинокорӣ пешниҳод карда мешавад.
Имрӯз дар ин деҳа ҳамчунин мағозаи маводи хурокаи соҳибкор Фаррух Тӯраев дари худро ба рӯи хаидорон боз намуд.