Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > САФАРИ КОРӢ БА ДЕҲОТИ САРАЗМ ВА БОЗДИД АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ИҶТИМОӢ..
single-product

САФАРИ КОРӢ БА ДЕҲОТИ САРАЗМ ВА БОЗДИД АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ИҶТИМОӢ..

2026-10-08 16:42:01

Деҳоти Саразм аз калонтарин минтақаҳои аҳолинишини шаҳри Панҷакент маҳсуб мешавад ва корҳои ободонию созандагӣ дар ин ҷо мавриди таваҷҷӯҳи пайвастаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ бо рафти бунёди як қатор иншооти бунёдшаванда дар деҳоти мазкур шинос шуд.
Дар деҳаи Абдусамад ба омӯзгорон ва сокинони деҳа,ки дар таъмири бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 55, бунёди дарвоза, деворбандии атрофи он ва сафолакпӯш намудани саҳни таълимгоҳ саҳм гузоштаанд, изҳори сипос карда шуд.
Бо саҳмгузории сокинони деҳаи Камар бошад, ҳоло сохтмони бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 43, ки барои ба таълим фаро гирифтани зиёда аз 600 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, идома дорад. Ин ташаббуси сокинони деҳа шоиста арзёбӣ шуда, гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар таъмини таълимгоҳ бо мизу курсӣ ва дигар ашёи зарурӣ кӯмак менамояд.
Дар ин сафари корӣ ҳамчунин аз рафти бунёди Хонаи фарҳанги деҳоти Саразм, ки бо саҳмгузоррии соҳибкор Рустам Муродов бунёд шуда, ҳоло корҳои охирини омодагӣ барои ифтитоҳ идома дорад, бунёди майдони пазироӣ ва дарвозаи шарқии шаҳр, фаъолияти бозори сарироҳии деҳқон дар шафати шоҳроҳ дидан карда шуд.