БОЗДИД АЗ КОРХОНАИ БУНЁДШАВАНДАИ “КАНЗИ ДИЁР” ВА “ДИОН – АНГИШТ- ТОҶИКИСТОН” ДАР ДЕҲОТИ МОҒИЁН
2026-10-06 15:49:55
ар доираи Солҳои рушди саноат эълон шудани солҳои 2022-2026 мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои рушди саноат, бунёди корхонаҳои саноатӣ дар заминаи захираҳои фаровони кашфшудаи маъданҳои гуногун тадбирҳои амалӣ меандешад.
Дар ин замина ҳоло дар ҳудуди деҳоти Моғиён ҶДММ “Канзи диёр” ба бунёди корхонаи азими истихроҷу коркарди маъдани сурма машғул аст.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти бунёди ин корхонаи азими саноати кӯҳӣ гуфт шуд, то ин муддат то шаҳраки коргарону мутахассисон ва коргоҳи коркарди маъдан ба масофаи 16 километр роҳ кушода, хати барқ кашида, барои 300 нафар хобгоҳ бунёд карда шудааст.
Ҳоло бо ҷалби беш аз 180 нафар мутахассисону бинокорон сохтмони полоишгоҳ, коргоҳи коркарди маъдан, насби таҷҳизоти бетономодакунӣ, кушодани роҳ то мазеъи истихроҷи маъдан ва дигар корҳои омодагӣ идома дошта, ба истифода додани навбати аввали корхона бо фарогирии 500 нафар соли оянда пешбинӣ шудааст.
Дар ин сафари корӣ ҳамчунин аз фаъолияти коргоҳи истеҳсоли ангишти ҶДММ “Дион- Ангишт- Тоҷикистон”, ки баъди насби тағҳизоти нав ба истеҳсоли ангишт машгғул аст, шинос шуда, ба масъулин ҷиҳати афзун намудани истеҳсоли ангишт, зиёд кардани ҷойҳи корӣ, дарёфти бозори фурӯши маҳсулот дастур дода шуд.