ДАР РӮЗНОМА- ИҶРОИ ДАСТУРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
2026-09-30 14:50:21
Дар маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, ки имрӯз баргузор шуд, ҳозирин бо дастурҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ташриф ба вилояти Суғд ва иштирок дар тантанаҳои таҷлили 35- солагии истиқлоли давлатӣ баён доштанд ва супоришҳои муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент шинос карда шуданд.
Дар ин замина таваҷҷӯҳи ниҳодҳои шаҳрдорӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ба таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи нақшаи омодагӣ ба 40- солагии истиқлоли давлатӣ, омодагӣ ба мавсими зимистон, баррасии натиҷаҳои 9- моҳа, зиёд намудани истеҳсоли тухм, гӯшти моҳӣ, ташкили гармхонаҳои ҳозиразамон, бунёди боғҳои мева бо навъҳои ниҳолҳои интенсивӣ,ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав, вусъат додани кишти тирамоҳӣ, ҷалби соҳибкорони бурунмарзӣ барои ободии шаҳру деҳот, ташкили коргоҳҳои саноатӣ ва ҷойҳои нави корӣ, муаррифии бештари имкониятҳои сайёҳии шаҳр, беҳдошти сифати алоқаи мобилӣ, зиёд намудани истеҳсоли либоси мактабӣ, таъмиру сохтмони муассисаҳои таълимӣ,захираи намудани меъёри дусолаи маводи хурока дар ҳар оила, омодагӣ ба даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти иқтисодию иҷтимоии шаҳр ҷалб карда шуд.