ДАР МУҲОКИМА- ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ
2026-09-28 16:12:27
Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсози фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Панҷакент, ки имрӯз бо иштироки муовини раиси шаҳр Мурод Шукурзода,кормандони мақомоти молия ва бонкҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва муҳосибони ташкилоту муассисаҳои шаҳр баргузор шуд, рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 22 июни соли 2023, № 586 ва Қонун “Дар бораи фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни гузориши прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи 1 Искандар Раҳматзода, сардори шуъбаи минтақавии Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Насриддин Низомзода ва дигар масъулин, пурсиши чанде аз роҳбарон ва муҳосибони ташкилоту муассисаҳо рафти иҷрои Фармони мазкур таҳлил шуда, таваҷҷӯҳи ҳозирин ба рафти амалӣ намудани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, коҳиш додани омили инсонӣ дар муносибатҳои молиявӣ, таъмини шаффофияти он, баланд бардоштани маърифати молиявӣ, истифодаи босамар ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба ин раванд, беҳдошти фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ ҷалб карда шуд.