Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > УСТОД РӮДАКӢ-РАМЗИ БЕДОРИВУ ХУДШИНОСӢ ВА АДАБУ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ.
single-product

УСТОД РӮДАКӢ-РАМЗИ БЕДОРИВУ ХУДШИНОСӢ ВА АДАБУ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ.

2026-09-24 10:01:39

Рисолати бузурги таърихию адабии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” на танҳо чун поягузори адабиёти тоҷик, балки рамзи бедориву худшиносӣ, ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик донистаанд.
Ин баҳои Пешвои миллат ба нақши абарустод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар маросими таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ, ки дар шаҳри Панҷакент доир гардид, борҳо ба забон оварда шуд.
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ субҳи рӯзи 22 сентябр бо гулгузории раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар пояи муҷассамаи устод Рӯдакӣ, боздид аз осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ- кишваршиносии ба номи устод оғоз шуда, баъдан дар зодгоҳи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ- деҳаи Панҷруд бо иштироки аҳли адабу фарҳанг, роҳбарони корхонаю муассисаҳо, омӯзгорон, хонандагону донишҷӯён идома ёфт.
Раиси шаҳр ва ҳаводорони назми оламгири шоир оромгоҳи ӯро дар Панҷруд зиёрат карда, дар пояи муҷассамаи шоир дар боғи канори рӯди Уреч ба нишони эҳтиром гул гузоштанд.
Маҳфили адабию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар саҳни Маҷмааи таърихию фарҳангии Панҷруд бо сухани табрикии раиси шаҳр оғоз шуда, барномаи ҳунарии санъаткорон, ки аз сурудҳо ба ашъори устод Рӯдакӣ, қироати шеърҳои шоир, рақсҳои ҷаззоб мураттаб шуда буд, ба иштирокчиёни ҷашнвора таассуроти ҷолиб боқӣ гузошт.
Шоми ин рӯз маҳфили бузургдошти устод Рӯдакӣ дар саҳни майдони Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури меҳмонони ҷашнвора ва сокинони шаҳр идома ёфт ва ҳозиронро муовини якуми раиси шаҳр Сабур Собирзода бо ин рӯз табрик гуфт ва аҳли ҳунари шаҳр хотири онҳоро бо сурудҳо бар ашъори устод шод намуданд.
Ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ дар ҳама муассисаҳои таълимӣ, ҷамоатҳои деҳот, корхонаю муассисаҳои шаҳр ҷамъомаду маҳфилҳо баргузор шуданд