Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ИФТИТОҲИ БУНГОҲИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲАИ ТАГОБИ ХАЛҚ ВА БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ТИББӢ ДАР ДЕҲАИ ҒӮЙТАНИ ДЕҲОТИ ВОРӮ
single-product

ИФТИТОҲИ БУНГОҲИ САЛОМАТӢ ДАР ДЕҲАИ ТАГОБИ ХАЛҚ ВА БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ТИББӢ ДАР ДЕҲАИ ҒӮЙТАНИ ДЕҲОТИ ВОРӮ

2026-09-15 17:06:08

Бо иштироки раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба деҳоти Ворӯ дар деҳаи Тагоби халқ бинои нави бунгоҳи саломатӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре зимни ифтитоҳ иттилоъ дода шуд он аз чор утоқи барҳаво иборат буда, бо саҳмгузории аҳолӣ ва дастгирии сохтори Кумаки аввалияи тиббӣ- санитарии шаҳр аз тариқи ҳашар сохта, бо ҳамаи таҷҳизоти тиббии зарурӣ таъмин карда шудааст.
Дар ҳамин рӯз ҳамчунин аз рафти бунёди бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Ғӯйтан, ки бо саҳмгузории аҳолии деҳа сохта шудааст, боздид карда шуд.
Ба ташаббускорони ин иқдом изҳори сипос карда, ба сифати сохтмон баҳои хуб дода, ба масъулон ҷиҳати дар кӯтоҳтарин муҳлат барои бо ҷиҳози корӣ ва тиббӣ таҷҳизонидани он дастур дода шуд.