ДАР НУРИСТОН БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМГОҲ БАРОИ 900 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
2026-09-12 14:15:26
Ин субҳ хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 40, деҳаи Нуристони деҳоти Чинори шаҳри Панҷакент таҳсилро дар бинои нави таълимгоҳ оғоз намуданд.
Дар ин ҷо бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бинои иловагии таълимгоҳ, ки дар ду қабат бунёд шуда, дорои 18 синфхона мебошад ва барои ба таҳсил фаро гирифтани 900 нафар дар ду баст пешбинӣ шудааст, дар ҳузури омӯзгорону хонандагон ва аҳли деҳаҳои Нуристон ва Чорводор мавриди истифода қарор дода шуд.
Тавре зимни ифтитоҳ муассиса гуфта шуд он бо саҳмгузории сокинони деҳа дар ҳаҷми беш аз 11 миллион сомонӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бунёд шудааст.
Таълимгоҳ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо мизу курсӣ ва дигар ҷиҳози таҳсил таъмин шуда, дар маросими ифтитоҳ барои синфхонаи компутарӣ боз 10 адад компутар тақдим карда шуд.
Дар ҷамъомад ба муносибати ифтитоҳи бинои нав сокинони деҳа бо 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод карда, аз онҳо даъват шуд, ки корро барои нав кардани болопӯши бинои пешинаи таълимӣ ва рангубори он, сохтмони бинои кӯдакистон дар назди мактаб оғоз намоянд. Гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр таъмини шиферро барои болопӯши бинои таълимгоҳ ба ӯҳда мегирад.
Дар фарҷоми чорабинӣ як гурӯҳ фаъолон барои саҳми арзанда дар бунёди бинои нави таълимгоҳ бо сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ин нӯҳумин бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ аст, ки имсол дар оғози соли нави таҳсил ба ифтихори 35- солагии истиқлоли давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр мавриди истифода қарор дода шуд.