НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
2026-08-15 09:18:41
Имрӯз ҷиҳати иҷрои Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 15 сентябри соли 2011 ва ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасдиқ намудааст, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2026 нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Ба хабарнигорон маводи иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2026 дастрас шуда, онҳо бо рафти иҷрои нақшаи омодагиҳо ба 35-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин давра ба ҷо оварда шуданд, шинос карда шуданд.
Дар ин замина раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба беш аз 45 саволи хабарнигорони васоити ахбори маҳаллӣ ва вилоятӣ, шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон ва дигар рӯзноманигорон оид ба рафти бунёди майдон ва гулгашти Абулқосим Фирдавсӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, таъмири пулҳо, танзими нарх дар бозор, таъминот бо барқ, бунёди роҳи канорӣ дар шаҳр ва таъмири роҳҳои минтақаи сайёҳию истироҳатии Ҳафкӯл, дохили шаҳр, қитъаи роҳи Суғдиён – Дуоба, таҷдиди биноҳои баландошёна дар қисмати ғарбии шаҳр, риояи қоидаҳои забони адабии тоҷикӣ дар навишти лавҳаю овезаҳо, беҳдошти вазъи санитарии шаҳр ва хидматрасонии мусофиркашонӣ, аз байн бурдани савдои кӯчагӣ ва дигар саволҳо посухҳои мушаххас дода, масъалаҳои мавриди назари рӯзноманигоронро шарҳу тавзеҳ дод.
Гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо васоити ахбори умум робитаи пайваста дошта, омодааст минбаъд низ ҳамкориро бо онҳо дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ намояд.