ИФТИТОҲИ ҚАҲВАХОНАИ “ҶАВОНӢ”
2026-08-03 16:45:18
Дар маркази шаҳри Панҷакент дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қаҳвахонаи нав бо номи “Ҷавонӣ” имрӯз дари худро ба рӯи мизоҷон боз намуд.
Тавре зимни ифтитоҳи он ба раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода иттилоъ дода шуд, он дар ҷои собиқ мағозаи либосҳо аз ҷониби соҳибкор Фариза Яъқубова ташкил шуда, аз ду толор иборат аст ва дорои 120 ҷои нишаст мебошад.
Ба мизоҷон ин ҷо таъомҳои миллӣ, аврупоӣ ва туркӣ пешниҳод шуда, ба онҳо 12 нафар ошпаз, пешхидмат ва озодакорон хидмат мерасонанд.
Дар рӯзи ифтитоҳи қаҳвахона ба як гурӯҳ собиқадорон ва кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд дастархони идона ороста, ба кӯдакон ҷузвдон бо ашёи хониш тӯҳфа карда шуд