НИММАРАФОНИ КӮҲИИ “ЭКО-ҲАФТКӮЛ-2026” ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ ДАР САТҲИ БАЛАНД БАРГУЗОР ШУД
2026-08-03 09:39:50
Соли панҷум аст, ки дар оғози моҳи август дар мавзеъи сайёҳию истироҳатии Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент ниммарофони байналмилалии “ЭКО- Ҳафткӯл" баргузор мешавад.
Ҳамасола доираи иштирокчиёни ин чорабинии экологию варзишӣ зиёд мешавад ва имсол дар он намояндагони 23 сафорат, консулгарӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе ба ҳайси иштирокчиёни фахрӣ ва беш аз 200 нафар дӯстдорони ин намуди варзиш аз 18 давлати ҷаҳон ширкат намуданд.
Мусобиқаи имсола бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Асоссиатсияи дав ва марафони Тоҷикистон баргузор шуд.
Инро дар маросими ифтитоҳи расмии ниммарофони байналмилалии “ЭКО- Ҳафткӯл-2026", ки бегоҳи рӯзи 1 август дар пойгоҳи сайёҳӣ дар соҳили сеюми Ҳафткӯл баргузор шуд, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода,раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати мамлакат таъкид доштанд.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки ин чорабинии экологию варзишии байналмилалӣ дар заминаи ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ташкил шуда, ҳамчун намунаи ҳамоҳангии табиат ва фаъолияти устувори инсон ва тарғиби имкониятҳои табиии кишвар барои боз ҳам бештар ҷалб намудани сайёҳон мусоидат мекунад.
Дар фарҷоми маросими ифтитоҳ иштирокчиёни мусобиқа аз барномаи ҷолиби ҳунарии санъаткорон ва варзишгарон таасуроти нек гирифтанд
Субҳи рӯзи 2 август беш аз 200 нафар иштирокчиёни ниммарфони кӯҳӣ ба сабқат дар масофаҳои 3, 10 ва 21 километр шурӯъ намуданд ва онҳое, ки ба ин чорабинӣ омодагии комил дидаанд, аз худ чолокию матонат нишлн дода, нахустин шуда, ба марра расиданд.
Дар маросими ҷамъбасти ниммарафони байналмилалии кӯҳи ғолибон бо диплом ва мукофотҳои таъсиснамудаи ташкилкунандагон мусобиқа сарфароз гардонида шуданд.