Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ПАЗИРОИИ МЕҲМОНОН ВА ИШРОКЧИЁНИИ ФАХРИИ НИММАРАФОНИ КӮҲИИ “ЭКО- ҲАФТКӮЛ -2026” ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
single-product

ПАЗИРОИИ МЕҲМОНОН ВА ИШРОКЧИЁНИИ ФАХРИИ НИММАРАФОНИ КӮҲИИ “ЭКО- ҲАФТКӮЛ -2026” ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

2026-08-01 16:41:12

Соли панҷум аст, ки дар оғози моҳи август дар мавзеъи сайёҳию истироҳатии Ҳафткӯли шаҳри Панҷакент ниммарофони байналмилалии “ЭКО- Ҳафткӯл-2026” баргузор мешавад.
Имрӯз дар майдони марказии шаҳри Панҷакент- саҳни муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ, ҳайатҳои корпуси дипломатӣ ва намояндагиҳои созмонҳою институтҳои байналмилалии муқими пойтахти Тоҷикистон, ки ба сифати иштирокчиёни фахрӣ дар ин мусобиқаи байналмилалтӣ ширкат меварзанд, аз ҷониби масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр пазироӣ карда шуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд дар ин ниммарафони байналмилалӣ имсол намояндагони 23 сафорат, консулгарӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Душанбе ва беш аз 200 нафар дӯстдорони ин намуди варзиш аз 24 давлати ҷаҳон ширкат менамоянд.
Ёдрас менамоем, ки маросими ифтитоҳи ниммарафони кӯҳии “ЭКО- Ҳафткӯл-2026”, ки бо ибтикори Кумитаи муҳити зист, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Ассосиатсияи дав ва марафони Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент баргузор мешавад, бегоҳи имрӯз дар мавзеъи Ҳафткӯл доир шуда, рӯзи 2 август иштирокчиён дар масофаҳои 3, 10 ва 21 километр қувва меозмоянд.