БОЗДИД АЗ РАФТИ БУНЁД ВА ТАҶДИДИ БИНОҲОИ БАЛАНОШЁНА
2026-07-31 11:57:05
Дар шаҳри Панҷакент дар доираи сиёсати бунёдкорӣ ва ободонии Ҳукумати мамлакат, ки ба ифтихори 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, ҳоло бунёди беш аз 40 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои тиҷоратию хидматрасонӣ идома дорад.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр рафти корҳоро дар иншооти бунёдшаванда зери назорат қарор додааст ва дар ин замина раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз чанде аз онҳо дидан намуд.
Зимни боздид аз маҷмӯи биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ки аз ҷониби ширкатҳои бинокории “Зарафшонсоз”, “Дилшодсохтмон”, “Меҳру муҳаббат” ва дигар ширкатҳо сохта мешавад, таваҷҷӯҳи роҳбарияти онҳо ба сифати корҳои сохтмонӣ, бо тарҳу шакл ва ранги мувофиқ оро додани намо ва саҳни биноҳои истиқоматӣ, муҳайё намудани зерсохтори барои зиндагӣ зарурии муҳандисӣ дар онҳо, дар муҳлати пешбинишуда ба истифода супоридани биноҳо ҷалб карда шуд.
Дар ин боздид ҳамчунин аз рафти таҷдиди бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар маҳаллаи Самарқанди шаҳр, ки бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ ба ҷо оварда мешавад,дидан намуда, ширкатҳои паймонкор барои вусъат додани корҳо муваззаф карда шуданд.