ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ
2026-07-30 16:39:18
Ҳамасола тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 30-юми июл чун Рӯзи кормандони хадамоти оташнишонӣ таҷлил карда мешавад.
Ба ин муносибат дар Қисми мустақили 38-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Панҷакент бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ҷамъомад баргузор шуд.
Зимни табрики собиқадорон ва ҳайати шахсӣ гуфта шуд,ки Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ҳайати Вазорати корҳои дохилаи мамлакат ҳанӯз 98 сол қабл-30 июли соли 1928 ташкил шуда, тӯли ин солҳо барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор, наҷоти одамон ва ҳифзи молу амволи давлатӣ ва шахсӣ кори бузургеро ба ҷо овардааст.
Дар ин ҷабҳа кормандони хадамоти оташнишонии шаҳри Панҷакент низ аз худ далерию ҷасорат нишон дода, ба пешаи душвори худ муҳаббат ва садоқат доштанашонро собит намудаанд.
Ба муносибати иди касбиашон ба кормандони фаъоли хадамоти оташнишонии шаҳр сипоснома ва тӯҳфаҳои идонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.