Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БАРОИ КОҲИШ ДОДАНИ ЗИЁНИ ОБХЕЗИИ ДАРЁИ ЗАРАФШОН ЧОРАҲОИ АМАЛӢ АНДЕШИДА МЕШАВАД
single-product

БАРОИ КОҲИШ ДОДАНИ ЗИЁНИ ОБХЕЗИИ ДАРЁИ ЗАРАФШОН ЧОРАҲОИ АМАЛӢ АНДЕШИДА МЕШАВАД

2026-07-30 10:22:20

Ҳамасола дар мавсими гармо сатҳи дарёи Зарафшон баланд шуда, эҳтимоли шусташавии садҳои обшикан, заминҳои кишт ва иншооти канори соҳил ба миён меояд.
Бо мақсади кам кардани зиёни обзезӣ, мустаҳкам намудани садҳои обшикани соҳили дарё мақомоти иҷроияи маҳаллиии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент чораҳои амалӣ меандешад.
Дирӯз барои пешгирии аз обхезӣ зиён дидани ҳудуди боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, дигар иншоот ва заминҳои кишти соҳилӣ дар ин ҷо ва дигар мазеъҳо 65 мошини гаронвазн санг кашонида, садҳое, ки бо ин мақсад собиқа сохт шуда буданд, мустаҳкам карда шуданд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни боздид аз рафти соҳилбандӣ ба идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон, дигар ташкилоту муассисаҳо барои идомаи корҳо дар ин самт супориш дода, шуъбаи шаҳрии Раёсати вилоятии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи шаҳрвандӣ муваззаф карда шуд, ки ин равандро зери назорати ҳамарӯза қарор диҳад.