САФАРИ КОРӢ БА ДЕҲОТИ СӮҶИНА ВА ИФТИТОҲИ МАРКАЗҲОИ ХИДМАТРАСОНӢ
2026-07-15 12:12:30
ибқи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастур ва мусоидати мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар деҳоти Сӯҷина соҳибкорон ба корҳои ободонию созандагӣ ҷалб карда шудаанд.
Дар ҷараёни сафари корӣ раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар деҳаи Сӯҷина барои бунёди маҷмааи хидматрасонӣ ва коргоҳи истеҳсоли дастпӯшак ва ҷуроб санги асос гузошт.
Он бо маблағгузории соҳибкор Самар Эшов сохта шуда, тибқи лоиҳа аз маркази хидматрасонӣ, меҳмонхона, толори маъракаҳо ва коргоҳи истеҳсоли дастпӯшак ва ҷуроб иборат хоҳад буд.
Баъди бунёди он барои даҳҳо нафар сокинорни деҳа ин ҷо ҷои кор муҳайё мешавад.
Зимни ин сафари корӣ ҳамчунин маркази савдои масолеҳи техникии соҳибкор Мурод Яздонов, маркази оши палови соҳибкор Машраб Эгамбердиев мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар гӯшаи дигари деҳа бошад соҳибкор Темур Бурҳонов барои наврасону ҷавонони деҳа ҳавзи шиноварӣ бунёд намудааст. Он аз ду ҳавз иборат буда, бо қоидаҳои барои чунин иншоот муқарраршуда сохта шудааст.
Зимни ифтитоҳ ин иқдоми соҳибкор шоиста ва барои обутоби ҷисмонии наврасону ҷавонон муҳим арзёбӣ арзёбӣ карда шуд.