14.07.2026 САФАРИ КОРӢ БА ДЕҲОТИ КОСАТАРОШ ВА БОЗДИД АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ИҶТИМОӢ
2026-07-14 15:06:15
Дар деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ вусъат меёбад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ аз рафти сохтмони чанде аз онҳо боздид намуд.
Аз ҷумла, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 73-и деҳаи Оқкӯтал ба бунёди 8 синфхонаи иловагӣ, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории аҳолӣ сохта мешавад, оғоз бахшида шуд.
Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №83-и деҳаи Хумгарон бошад бо дастгирии молиявии ҶДММ КМ “Зарафшон” аз ҷониби пудратчӣ- ширкати бинокории “Оби зам-зам” сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ, утоқи маъмурӣ ва хати гармидиҳӣ ба таълимгоҳ идома дорад. Бинокорон тибқи нақша онро то оғози соли нави таҳсил ба истифода медиҳанд.
Дар идомаи сафари корӣ ҳамчунин аз рафти сохтмони хонаҳои саломатӣ дар деҳаҳои Оқкӯтал ва Бедак дидан карда, ҳавзи захираи оби нӯшокӣ дар деҳаи Охкӯтал ба истифода дода шуд
Зимни оғози бунёди таълимгоҳ дар деҳаи Ганҷи ниҳон ба ташаббусу иқдоми соҳибкорон ва сокинони ин деҳа ва дигар деҳаҳои ҷамоати деҳот ҷиҳати бунёди иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ баҳои баланд дода, гуфта шуд, ки дар ин корҳо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр онҳоро ҳамеша дастгирӣ менамояд.