Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > МУЛОҚОТ БО СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ.
single-product

МУЛОҚОТ БО СОБИҚАДОРИ МЕҲНАТ.

2026-07-14 08:58:23

Сокини деҳаи Мазори шарифи деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент нафақагир Хӯҷамурод Алиев аз маблағе, ки барои зиёрати Ҳаҷ захира кардааст, дар шафати роҳи деҳаи Ғӯсар –- Мазор беш аз 10 ҳазор бех ниҳоли ороишӣ шинонида, сабз кардааст.
Ин иқдоми ӯ дар мулоқоти раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо ин собиқадори меҳнат шоиста ва арзанда арзёбӣ карда шуд.
Хӯҷамурод Алиев беш аз 45 сол собиқаи корӣ дошта, солиёни зиёд дар собиқ хоҷагии давлатии “Марғедар” заҳмат кашида, чандин сол вазифаи раиси кумитаи деҳаи Мазори шарифро ба ӯҳда дошт ва дар ободии зодгоҳаш саҳми арзанда гузоштааст