ҲОСИЛИ ДАСТРАНҶИ ДЕҲҚОНОН ФАРОВОН АСТ..
2026-07-14 08:47:26
Ин баҳор кишоварзони хоҷагиҳои деқонии деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент дар 172 гектар картошка кишт намуда, ҳоло дар майдонҳои қисмати ҳамворӣ ба ҷамъоварии он шурӯъ намудаанд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ дар ҳашари ҷамъоварии ҳосил картошка дар хоҷагии деҳқонии “Ворӯ” иштирок намуд.
Деҳқонони хоҷагӣ имсол дар 40 гектар картошка шинонида, парвариши онро тибқи таҷриба ва қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ мондаанд ва ҳосил дар қитъаҳои ҷамъоваришуда ба ҳисоби аз ҳар гектар то 350 сетнериро ташкил медиҳад.
Деҳқонони хоҷагии деҳқонии “Ворӯ” дар парвариши картошка таҷрибаи ғанӣ доранд ва аз қитъаҳои наздикӯҳии деҳаи Ворӯ, ки имсол дар 14 гектари он картошка кишт кардаанд, то 500-600 сентнерӣ ҳосил ба даст меоваранд.