ГАРДИШГАРӢ ВА ҲУНАРҲОИ ДАСТӢ - ТАҲКИМБАХШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
2026-07-08 17:01:21
Таҳти ин унвон ба ифтихори 35-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи Лоиқи шаҳри Панҷакент бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо иштироки ҳунармандон ва фаъолони ин ҳаракати мардумӣ ҳамоиш баргузор шуд.
Дар оғози ҳамоиш меҳмонон бо намунаи ҳунарҳои мардумӣ, ки маҳсули дасти чеварбонуҳои шаҳри Панҷакент ҳастанд, шинос шуда, ба он баҳои баланд доданд. Гуфта шуд, ки маҳз бо ҳунари онҳо Панҷакент ба Феҳристи Шаҳрҳои ҷаҳонии ҳунармандӣ аз рӯи ҳунари сӯзанидӯзӣ шомил гардид.
Дар суханронии раиси шаҳри Панҷакент, раиси бахши шаҳрии Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Абдухолиқ Холиқзода, раиси Шӯрои куҳансолони Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Тиллоӣ, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Салимзода ва дигар намояндагони ин Ҳаракат нақшу саҳми бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ таъкид шуд.
Гуфта шуд, ки эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ташкили намоишу ярмаркаҳо, омода намудани армуғонҳо ба рушди сайёҳӣ мусоидат менамояд ва дар ин ҷода шаҳри Панҷакент бо таърихи куҳан, ёдгориҳои беназири таърихӣ ва чун шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ нақши босазо мегузорад.
Таъкид шуд, ки баргузории ин гуна ҳамоишҳо дар густариши ҷаҳонгардӣ чун соҳаи шуғлофару фоидаовар ва эҳёю муаррифии эъҷози дасти ҳунармандони чирадаст,муҳим аст