ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ НАВИ ТАШХИСУ ТАБОБАТ.
2026-07-08 16:02:21
8.07.2026
ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ НАВИ ТАШХИСУ ТАБОБАТ
Дар шаҳри Панҷакент дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвақтзода, муовини аввали раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода ва раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода боз як муассисаи табобатӣ- Маркази ташхису табобати “Мадади Қаҳҳориён” мавриди истифода қарор дода шуд.
Он аз ҷониби духтури асабшинос ва соҳибкор Муҳаммадамин Қаҳҳоров ташкил шуда, барои ташхису табобати бемориҳои асаб пешбинӣ шудааст.
Тавре зимни ифтитоҳи муассисаи табобатӣ гуфта шуд, он аз 10 ҳуҷра иборат буда, дар як вақт то 20 нафарро ба табобат фаро мегирад. Ба беморон ҳамчунин лой, сӯзан, лазер ва магнитдармонӣ, электрофарез ва дигар намудҳои табобати физиотерапевтӣ расонида мешавад. Дар ҳуҷраҳо барои табобат ва истироҳати беморон ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст.
Дар назди марказ ҳамчунин дорухона ташкил шуда, дар маҷмӯъ то 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда мешаванд.