МУЛОҚОТ БО СОБИҚАДОРИ БАРӮМАНД
2026-07-04 15:00:12
Сокини деҳаи Марғедари деҳоти Рӯдакӣ Бомулло Эсоев беш аз ним аср собиқаи меҳнатӣ дорад ва имрӯз низ дар тарбияи набераҳо, ба роҳи рост, меҳнатдӯстию ҳалолкорӣ ҳидоят намудани наврасону ҷавонони деҳа саҳм мегузорад.
Ҳамдеҳаҳо ба ӯ чун инсони шариф, маслиҳатгари ҷавонон ва ҳидоятгари корҳои нек эҳтиром мегузоранд.
Дар мулоқоти раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, ки зимни сафари корӣ ба деҳоти Рӯдакӣ бо ин собиқадори барӯманд сурат гирифт, ба ӯ барои ин корҳо изҳори сипос карда шуд.