Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ҚАБУЛИ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН
single-product

ҚАБУЛИ МУРОҶИАТИ ШАҲРВАНДОН

2026-07-04 14:31:58

Дар рӯзи қабули раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода, ки шанбеи ҳар ҳафта баргузор мешавад, ин навбат сокини деҳаи Ганҷи ниҳони деҳоти Косатарош Дороб Саидов аз ташаббуси сокинони деҳа ҷиҳати бунёди бинои таълимгоҳ ва аз масофаи 8 километр кашидани хати оби нӯшокӣ хабар дод.
Ин иқдоми сокинони деҳа шоиста арзёбӣ шуда, ба ниҳодҳои марбута, барои дақиқан омӯхтан ва мусоидат ҷиҳати иҷрои ин корҳо дастур дода шуд.
Дар рӯзи қабули муроҷиати шаҳрвандон ҳамчунин арзи сокинон оид ба беҳдошти шароити манзил, таъминот бо оби нӯшокӣ, қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва барои бунёди нуқтаи савдо, ҳалли баҳси замин, мусоидат барои табобат, расонидани кӯмаки молиявӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ шунида, роҳҳои ҳалли қонунии онҳо фаҳмонида, ба ниҳодҳои марбутаи шаҳрдорӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо барои баррасии дархосту муроҷиатҳо дастур дода шуд.
Зимни қабули муроҷиатҳо ба якчанд нафар муроҷиин кӯмаки молиявӣ расонида шуд