ШИНОСОӢ БО РАФТИ СОХТМОНИ ТАЪЛИМГОҲ ВА ХАТИ ОБИ НӮШОКӢ ДАР ДЕҲОТИ ВОРӮ
2026-07-04 14:30:19
Дар деҳаи Гулистони деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент ба бунёди таҳкурсии бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 65 шурӯъ намуданд.
Зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти бунёди таълимгоҳ гуфта шуд, ки он бо саҳмгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва аҳолӣ сохта мешавад. Тибқи лоиҳа он аз ду қабат иборат буда, барои ба таълим фаро гирифтани 500 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Ба фаъолони деҳа барои тезонидани суръати сохтмон, ҷалби бештари сокинон ба ҳашар дастур дода шуд.
Дар идомаи сафари корӣ рафти бунёди ҳавз ва хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Марғедари боло, ки бо саҳмгузории шарикони рушд ва аҳолӣ бунёд мешавад, мариди боздид қарор дода шуд.