БОЗДИД АЗ ИНШООТИ БУНЁДШАВАНДАИ ДЕҲАИ МАРҒЕДАРИ ДЕҲОТИ РӮДАКӢ
2026-07-04 14:28:31
Дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, ҷалби соҳибкорон ва сокинон деҳаи Марғедари деҳоти Рӯдакӣ, ки шоҳроҳи Панҷакент – Айнӣ аз байни он мегузарад, ободу зебо мешавад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба деҳоти Рӯдакӣ аз рафти сохтмони чанд иншооти бунёдшаванда дар ин деҳа дидан намуд.
Дар маркази хидматрасонӣ, ки бо сармоягузории соҳибкори маҳаллӣ Ислом Имомов бунёд мешавад ва аз сардхона, тарабхона ва маркази савдо иборат аст, корҳои ороишӣ идома дорад. Дохили бино бо ҷалби устоҳои ҳунарманд бо усули миллӣ гаҷкорӣ карда мешавад.
Дар маҷмаъаи варзишию истироҳатӣ, ки аз майдони Парчам, толор ва майдони варзиш иборат аст, барои ба варзиш ҷалб намудани наврасону ҷавонон ва баргузории чорабиниҳои гуногун шароит муҳайё карда мешавад. Майдони варзиш аллакай мавриди истифода қарор гирифта, дар ду иншооти дигар корҳои охирини пардозгарию ободонӣ идома доранд.
Дар идомаи боздидҳо рафти корҳо дар бунёди маркази савдою хидматрасонии соҳибкори дигари деҳа Эсомиддин Шарофиддинов аз назар гузаронида, барои тезонидани сохтмони он дастур дода шуд.