ДАР ДЕҲАИ РОҶ БАРТАРАФ НАМУДАНИ ОҚИБАТИ СЕЛ ИДОМА ДОРАД
2026-07-03 15:50:21
Дар деҳаи Роҷи деҳоти Амондараи шаҳри Панҷакент, ки ба асари сели рӯзи 19 июни соли равон хисороти ҷиддӣ дида буд, бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳр бартараф намудани оқибати офати табиӣ идома дорад.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва сардори раёсати вилоятии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фурқат Шодизода аз рафти бартарафкунии оқибати офати табиӣ шинос шуданд.
Тибқи супориши Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд-Раҳмонқул Каримов, Муаззамхон Ансорӣ, Умед Ҳабибзода ва Шавкат Бобозода се пули ба асари сел азбайнрафтаи сои селрави байни деҳаро барқарор менамоянд.
Ҳамчунин ҳамаи хонаҳои зиёндида аз лою селоба тоза карда, васеъ кардани сои селрави байни деҳа идома дошта, бо барқарор шудани сарбанди ҷӯи деҳа, хати барқ сокинон бо оби полезию нӯшокӣ ва барқ таъмин мебошанд.