ДИДОРБИНӢ БО ГЕОЛОГИ СОБИҚАДОР
2026-07-03 15:48:16
Сокини деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент Баҳром Мирзоев солҳои тӯлонӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар ба ҳайси геолог ифои вазифа намуда, худро чун мутахассиси варзида, ки дар иктишофи захираҳои зерзаминӣ саҳми арзанда гузоштааст, муаррифӣ намудааст.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба деҳоти Ёрӣ бо ин геологи варзида ва собиқадори соҳа мулоқот намуд.
Дар сӯҳбат сухан аз саҳми собиқадорон дар тарбияи ҷавонон ва иҷрои дастурҳое, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт гузоштаанд, омода намудани мутахассисони варзида, мавқеи фаъоли ҷамъиятии собиқадорон рафт.
Тарҳи бинои истиқоматӣ ва саҳни зебои замини наздиҳавлигии ин собиқадори барӯманд чун намунаи завқи баланд арзёбӣ шуд.