Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БОЗДИД АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ВА ПАРВАРИШИ ТОКИ ХАВОЗАВӢ.
single-product

БОЗДИД АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ КАРТОШКА ВА ПАРВАРИШИ ТОКИ ХАВОЗАВӢ.

2026-07-03 15:44:39

Баҳори соли равон кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродии деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент дар майдони 200 гектар картошка кишт намуданд, ки қисми бештари он барвақтӣ аст.
Таҷрибаи деҳқонони хоҷагии деҳқонии Хайрулло Сафаров, ки баҳор дар майдони наздик ба се гектар картошкаи барвақтӣ шинонида буданд, нишон медиҳад, ки дар шароити деҳоти Ёрӣ аз он ҳосили хуб гирифтан мумкин аст.
Зимни иштирок дар ҷамъоварии картошка ба раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода иттилоъ доданд, ки ҳосили картошкаи барвақтӣ нисбат ба пешбинӣ бештар буда, минбаъд ин таҷриба идома дода мешавад.
Дар ин заминҳо чун кишти такрорӣ зироати хуроки чорво ва сабзавот кошта мешавад.
Дар идома боздидҳо ба нашъунамои ниҳоли токи хавозавии кишоварзи соҳибкор Сулаймон Халилов, ки бо истифода аз таҷрибаи токпарварони шаҳри Турсунзода соли равон дар 5 гектар бунёд шудааст, баҳои хуб дода шуд.
Дар ин майдон навъҳои гуногуни ангур парвариш мешавад ва ҳосилнокии он нисбат ба усули маъмулии парвариши ток бештар мешавад.