Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > 2.07.2026 САФАРИ КОРӢ БА ДЕҲОТИ ЁРӢ ВА ИФТИТОҲИ НУҚТАҲОИ НАВИ САВДО
single-product

2.07.2026 САФАРИ КОРӢ БА ДЕҲОТИ ЁРӢ ВА ИФТИТОҲИ НУҚТАҲОИ НАВИ САВДО

2026-07-03 15:43:15

Дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ корҳои бунёдкорию ободонӣ вусъат мегирад.
Зимни сафари корӣ дар деҳаи Ёрӣ раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода нахуст ба коргоҳи хурди мебелсозии соҳибкор Сангинбой Файзиев ҳусни оғоз бахшид.
Ин ҷо бо ҷалби шаш нафар устоҳои маҳаллӣ дару тиреза, ҷевон, мизу курсӣ ва дигар ҷиҳози чӯбии барои рӯзгор зарурӣ сохта мешавад. Харидорони аввалин ба сифату намои мебели сохтаи онҳо баҳои баланд доданд.
Дар идомаи сафари корӣ ҳамчунин маркази савдои масолеҳи бинокории соҳибкори маҳаллӣ Фирдавс Бобоев, ки он ҷо ҳама масолеҳи бинокориро бо нархҳои рӯз дастрас кардан мумкин аст, ифтитоҳ карда шуд. Дар ин маркази савдо то 12 нафар ба кори доимӣ ҷалб карда мешаванд.
Соҳибкори дигари деҳа Шерафкан Қурбонов бошад, бо ифтитоҳи мағозаи маводи хурока ба ҳамдеҳаҳо шоиста хидмат мерасонад.
Бо ифтитоҳи ин се нуқтаи савдо дар маҷмӯъ 20 нафар сокинони деҳа соҳиби ҷойи кор мешаванд.